Лого тадж
 

ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН.

БАХШИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ

Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ» нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин дигар мактабҳои олии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 6 шумора ба нашр мерасонад ва дар ду сол на камтар аз 12 шумора нашр менамояд. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёт мегарданд, мувофиқат менамоянд. Феҳристи мазкур бо Фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 20 феврали соли 2015, №114 ба амал бароварда шудааст (Феҳристи мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Федератсияи Русия аз 21 апрели соли 2015, №36946 ба қайд гирифта шудааст).
Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводҳои гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.
Маҷалла дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ба қайд гирифта шуда, роҷеъ ба шумораҳои нашрнамудаи худ ба РИНЦ маълумот пешниҳод менамояд. Мундариҷаи маҷалла дар шакли фишурдаҳо ва калидвожаҳо ба РИНЦ ворид карда мешавад. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии он дастрас мебошад. Ҳамаи маълумотҳо дар сомонаи расмии маҷалла дастрас мебошанд.
Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 7 доктори илм ва 3 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ҳастанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.
Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд.
Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда ва калидвожаҳои худ мебошанд, ки онҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд.
Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 2413-452Х).


Бахшҳои асосии маҷалла:
– илмҳои физикаю математика;
– илмҳои биологияи кимиёвию физикӣ;
– илмҳои кимиё.