Logo eng

УДК. 547.426.251+547.426.21

 

Раҷабзода С.И., Иззатуллозода А.С.

Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мубрамият: Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коркарди растаниҳои шифобахш ва дарёфти моддаҳои фаъоли биологӣ то рафт зиёд шудаистодааст. Ин таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар олимони соҳаҳои химия, биология ва дорусозиро вазифадор месозад, ки  ҳарчи зудтар ба объектҳои ватанӣ (растаниҳои шифобахш) корҳои илмӣ-таҳқиқотиро анҷом диҳанд.

Бинобар ин, дар доираи стратегияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили саноати дорусозӣ ва барномаи таъмини аҳолӣ бо маводи доруворӣ, моддаҳои фаъоли биологӣ ва зиёд намудани ҳиссаи доруҳои маҳаллӣ рушди доруҳои ватанӣ муҳим ва ояндадор дониста мешавад. Доруҳое, ки аз маводи растанӣ гирифта мешаванд, дар баъзе мавридҳо нисбат ба доруҳои синтетикӣ ё химиявӣ бартарии калон доранд. Ин, пеш аз ҳама, таъсири сабук ва сарҳади васеъи табобати дошта таъсири номатлуб ва оризаҳо надоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар муолиҷаи бемориҳои гуногун, ки асоси онҳоро илтиҳоб ташкил медиҳад, доруҳои синтетикӣ ва табиати набототи дошта, яъне фитохимиявӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Дар робита ба афзоиши талабот ба доруҳои зидди илтиҳобӣ, доруҳои нав босуръат таҳия карда мешаванд ва ҳама доруҳои нав (ё маҷмуи доруҳо) дар бозори фармасевтӣ пайдо мешаванд. Диққати махсус ба доруҳои зидди илтиҳобии пайдоиши растанигӣ дода мешавад, зеро онҳо бо заҳрнокии  паст ва фаъолияти васеъи табобатӣ зоҳир мекунанд.

Хусусиятҳои ботаникии авлодӣ газна (Urtica Dioica L). Оилаи газнагулон Urticaceae яке аз калонтарин оилаҳои синфи дупалагиҳо мебошад, ки тақрибан 60 авлод  ва зиёда аз 1000 намуди растанӣ дорад. Аксарияти намояндагони ин оила дар кишварҳои тропикӣ сабзиш мекунанд, қисми зиёди онҳоро растаниҳои алафӣ ва буттагии ҷангалҳоро ташкил медиҳанд. Баъзе намудҳои ин оила дар минтақаҳои мӯътадил ва сард вомехӯранд [1-2].

Авлоди газна дорои гиёҳҳои яксола ё бисёрсола буда дар баргу пояи онҳо мӯякҳои оддии сӯзонанда мавҷуд мебошад. Баргҳои ин растаниҳо дар навда муқобили якдигар ҷойгир шуда паҳлӯҳояшон дандонадори нугтез мебошанд. Гули растаниҳои авлоди газнагулон тудагули хушашакл дорад. Сохтори гулашон  аз 4 косабарг, дар гулҳо нарина 4 гардбарг ва  ва тухумдони на он қадар инкишоф ёфта ҷойгир мебошад.  Тухмдони гули модина бошад гардгираки на он қадар инкишоф ёфта дорад.  Баъзе намудҳои ин авлод  дар кӯҳҳои тропикӣ (дар Ҳимолой ва Андҳои Амрикои Ҷанубӣ то 4500 м аз сатҳи баҳр) мерӯянд. Дар Тоҷикистон як намуд мерӯяд [3]

Расми 1. Сохти умумии растании газна

Figure 1. General structure of a gas plant

Газна гиёҳи бисёрсолаи алафӣ буда, баландиаш  1,5 м. мерасад. Пояи росту сершох, баргҳои дандонадори нӯгтез, тӯдагули хушашакл, мевваи хурди мудаввар дорад. Дар пояю шоху баргҳояш теғаҳои тези мӯймонанд дорад. Баргҳои газна ранги торики сабз дошта  шаклашон дарозрӯяи  тухму дилмонанд, дарозрӯяи лансетникмонанд, асосашон васеъ ва нӯгашон борик буда дар канорҳояшон баромадҳои дандонмонанд доранд. Дарозии  барг аз 6 то 17 см, паҳнияш бошад аз 9 то 12 см ташкил медиҳад. Ҳар гоҳ ба он даст бизананд, теғаҳои тези он  ба пӯст мехалад ва маҳлуле, ки дар таркибаш гистамин, серотонин ва атсетилхолин дорад, аз он ҷудо  мешавад, ки боиси дарду сӯзиш мегардад. Гулҳояшон хурд буда рангашон сабз, якҷинса, аз 4 косабарг, 4 гулбарг иборат мебошанд. Меваашон яктухма, тухмшакл, лундашакл ё куррашакл буда,  ранги зарди равшан ё ин ки зарди ҷиггарӣ буда  андозаашон аз 1,2 то 1,7 мм ташкил медиҳад. Як растани қобилияти зиёда аз 2 ҳазор тухмиро ҳосил кардан дорад. Вазни ҳазор дона тухмиш аз 0,18 то 0,25 г ташкил медиҳад.  Дар моҳи июн то октябр гул мекунад [4-10].

            Газна растании худрӯйи бегона буда  дар майдонҳо, боғҳо, дашту биёбонҳо дар соҳили дарёҳо ва ҳавзҳо, дар назди ҷӯйборҳо, дар ҷойи партовгоҳҳо, дар назди роҳҳо ва дигар ҷойҳои намнок месабзад. Газна растании  ба шароитҳои гуногун тобовар буда  то баландиҳои 2800 м дар соҳили дарёҳо, сояи кӯҳҳо, дар минтақаи арчазорҳо месабзад [11-12].

Қариб дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон мерӯяд. Асосан дар боғу киштзор, ҷангалу бешазор, ки боиси дарду сӯзиш мегардад, дар моҳи июн то октябр гул мекунад.

            Дар тиб асосан баргҳои газнаро истифода мебаранд ва ҳангоми шукуфтани гулҳои рустанӣ ҷамъ меоранд. Ҳангоми ҷаъмоварӣ дастпӯшак пӯшидан лозим аст, ки пӯсти дастҳо осеб набинад.                                                                  

Газна растании алафи қариб дар ҳама ҷо паҳн шудааст: дар минтақаи иқлимии мӯътадили Аврупо ва дар Осиёи гарм, дар Чин ва Ҳиндустон, дар Кавкоз, Амрикои Шимолӣ ва дар қитъаи Австралия, дар минтақаҳои Шарқи Дур ва Сибир. Бештари вақт дар минтақаҳои ҷангал ва минтақаҳои ҷангал-даштӣ во мехурад, ки дар он ҷо гулӯлаҳои зиччи газнаро ташкил медиҳанд [13-15].

Барои деҳқонон ва боғдорон, газна як растании нафратовар буда онро бо душвори нест мекунанд.

Решаҳои пурқуввати инкишофёфта ва решаҳои паҳлӯии хеле имкон медиҳанд, ки газна дар заминҳои камғизо ва бессамар авзоянд.

 

Мақсади таҳқиқот ин бо методҳои   спектри инфрасурх, спектри массавӣ, резонанси магнитии ядро, резонанси магнитии протон, таҳлили элементӣ, реаксияҳои сифатӣ, хроматографияи маҳинқабат ва хроматографияи баланэффект муайян кардани сохт, таркиб ва тозагии  пайвастаҳои ҷудокардашуда аз экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) -и минтақаи ноҳияи Шаҳринав.

Қисми эксперименталӣ:

375 г экстрактро дар 0,5 л спирти 70 %  ҳал карда, бо ҳаҷми баробари 70 % хлороформ:об, сипас пай дар пай омехта карда дар натиҷа ҷудошудаи хлороформӣ (А),  маҳлули спиртӣ (В) ва эфириро (С) ҷудо карда экстракти дилхоҳ аз қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) ба даст овардем.

Экстраксияшудаи спирти 70 % -ро дар бухоркунаки вакуумӣ то дуршавии ҳалкунанда буғронӣ намуда ва боқимонда бо 150 мл хлороформ шуста шуд. Қисми ҳалнашавандаи экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)-ро ҷудо карда, сипас ҳалкунандаро филтр намуда, буғронӣ кардем.

56,7 г (2,6%) боқимондаи қисми ҳалнашавандаи экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)-ро, ки онро лактонҳо ташкил медоданд бо усули хромотографияи маҳинқабат арзёбӣ намудем. Баъдан 3 фраксияи ҷудошуда: хлороформӣ (А),  маҳлули спиртӣ (В) ва эфириро (С)  аз рӯйи ошкоркунии лактонҳо тавассути хроматографияи баландэффект баҳогузорӣ кардем. Дар баробари хроматографияи баландэффект боз натиҷаҳои назаррас дар пластинкаҳои силуфолӣ низ ба даст оварда шуданд бо истифода аз системаҳои хлороформ (30 мл):метанол (6,5мл) - А, бутанол (20 мл) : кислотаи атсетат (10 мл) : об (5 мл) - Б, изпропанол (60 мл):об (30 мл) : гексанол (15 мл) -В.

Дар ҷадвали 1 натиҷаҳои ба даст овардашуда аз  экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) оварда шудаанд.

Ҷадвали 1. Натиҷаҳои ба даст овардашуда аз  экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) бо истифода аз пластинкаҳои силуфолӣ

Table 1. Results obtained from the extract of the aboveground and underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.) using silofol plates

Фраксияҳои ҷудошуда

Системаҳо (А, Б, В)

пайдошавии ранги доғҳо ва Rf

Хлороформӣ (А)

0,92 з-ҷ. 0,80 (з-қ) 0,79 з-ҷ (суст) 0,68 (қ) 0,59 (к) 0,54 (к-о) 0,46 (б-к) 0,38 (з-ҷ) 0,30 (з) 0,28 (з) 0.09 (с).

Маҳлули спиртӣ (В)

0,93 з-ҷ, 0,81(суст).

Эфирӣ (С)

0,84; (суст) 0,29; 0,22; 0,07(суст).

Ҷудо намудани лактонро аз экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)- минтақаи ноҳияи Шаҳринав, мо ғайр аз пластинкаҳои силуфолӣ боз хроматографияи калонкагию адсорбсиониро ба кор бурдем. Ба сифати адсорбент оксдиди алюминий интихоб намудем. Моддаи экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) элюентронидашуда дар зинаи аввал бо ҳалкунандаи бензоли мутлақ, сипас дар системаи бензол:метанол ва хлороформ:метанол гузаронида шуд. Ҳамин тавр 56 г қисми лактониро дар ҳалкунандаи ками бензоли мутлақ ҳал карда, дар найчашишаи дарозиаш 25 см ва бараш 10 см ҳангоми иловакунии адсорбент дохили колонка карда шуд. Сипас мунтазам дар вақти шустани ҳалкунандаи органикӣ қисмҳои 0,5 мл нигоҳ дошта шуданд, ки онҳоро мо бо истифода аз  ХМҚ мавриди санҷиш қарор додем.

Ҷадвали 2. Натиҷаҳои  ба даст оварда шудаи экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) бо истифода аз ХКА

Table 2. Results obtained from the extract of the aboveground and underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.) using the CCA

№

Ҳалкунанда

Нишондоди Rf

1-5

Бензоли мутлақ

0,94, 0,82

6-10

Бензоли мутлақ

0,81 (суст) 0,76  (суст) 0,57; 0,52

11-16

Бензоли мутлақ

0,51; 0,45; 0,42

17-21

Бензоли мутлақ:метанол

0,45; 0,43; 0,35

22-30

Бензоли мутлақ: метаноли 5%

0,35; 0,16; 0,17

30-35

СН3ОН

0,17; 0,07

Натиҷҳои аз таҳқиқот бадастовардашуда: Тавре ки дар мубрамияти мақола мо ишора кардем, лактонҳои таркибашон сифатан бо миқдори назаррас дар минтақаи афзоишёбии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)  бо истифода аз ХМҚ, ХБЭ ва ХКА ошкор карда шуданд. Ҳамин тавр мо муқаррар кардем, ки миқдори аз ҳама зиёди модда бо Rf = 0,93 дар қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.), мавҷуд аст.

Акунун вазифаи мо ин таҳқиқи физикӣ-химиявии экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) - минтақаи ноҳияи Шаҳринав ба шумор меравад, аз ҷумла омӯзиши   спектри ултробунафш, инфрасурх, спектри массавӣ, резонанси магнитии ядро, резонанси магнитии протон, таҳлили элементӣ, реаксияҳои сифатӣ, хроматографияи маҳинқабат ва хроматографияи баланэффект оид ба муайян кардани сохт, таркиб ва тозагии  пайвастаҳои ҷудокардашуда аз таркиби растании газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.). Барои амалӣ намудани ин вазифа мо дар марҳилаи аввал баҳодиҳии хроматографӣ гузаронидем.

Ҳангоми баҳодиҳии хроматографии баргҳои газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.), мо ошкор кардем, ки дар таркиби баргҳои газна миқдори зиёди моддаи органикӣ бо Rf = 0.45 мавҷуд аст, ки ин нишондоди Rf дар намунаҳои дар ҷойҳои дигар ҷамъшуда ошкор нагардид. Омӯзиши ин моддаи органикӣ ҷолиби диқат буд, зеро таркиби ҷузъи компоненти асосӣ қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) бо Rf = 0.81 якбора коҳиш ёфт.

Ҳамин тавр моддае ҷудо карда шуд қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.), ки онро аз спирти метанол ҷудо карда ва бо изпропанол перекристаллизатсия кардем.

 

Расми 2. ХБЭ  экстракти газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)

Fig. 2. HBE extract of stinging nettle (Urtica Dioica L.)

Баромад 2,9 г (0,05%), моддаи қаҳваранг дар шакли кристаллҳои сӯзандмонанд буда, ҳарорати гудозишаш 195-196 °С. Дар ҳалкунандаҳои хлороформ, гексан, диметилформамид, диметилсулфоксид, спирт, диметилкетон, изопропанол хубҳалша-ванда буда,  аммо дар эфири диэтил г бадҳалшаванда аст. Дар гидроксидҳои ишқорӣ дар таносуби як мол ҳал мешавад, ки ин аз мавҷуд будани як ҳалқаи лактон дарак медиҳад.

Барои муайян кардани вазни молекулавии  экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) мо аз усули титркунӣ истифода кардем. 0,0805г моддаи аз экстакти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) ҷудокардашударо дар 15 мл спирти этил ҳал намуда, сипас 12 мл маҳлули 0,1нормалаи гидроксиди калий илова карда, омехтаро бо маҳлули 0,1 нормалаи кислотаи сулфат титр кардем. Ҳисоб карда шуд:

Дар спектри массавии экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) қуллаи баланди иони молекулавии M+ 280 ошкор гардид (расми 1).

Расми 3. Спектри массавии экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)

Figure 3. Mass spectrum of the extract of the underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.)

Натиҷаи спектри ултробунафш нишон дод, ки моддаи экстакти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)  (расми 2.) дар диапазони 247-265 нм (lge = 3,78) фурубарии бештар мушоҳида мешавад, ки дар таркиби пайваста аз мавҷуд будани гурӯҳи   карбонилӣ ва  гурӯҳи метиленӣ дарак медиҳад.

Расми 4. Спектри ултробунафши экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)

Figure 4. Ultraviolet spectrum of the extract of the underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.)

Сипас таваҷуҳи моро муайянкунии гурӯҳои функсионалӣ дар экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) ҷалб намуд. Барои ин мо аз усули спектри инфрасурх (расми 3) истифода кардем. Дар спектри инфрасурх чунин рахҳо: 1765 см-1  (карбонил  g-лактон), 1715 см-1  ( гурӯҳи карбонилкетон) 1665 см-1  ва 825 см-1 (банди каратӣ) ошкор карда шуданд. Рахҳои интенсивнок 1170 см-1  ва 1418 см-1  ва заиф 1670 см-1 аз мавҷуд будани гурӯҳи метиленӣ шаҳодат медиҳад.

 

Расми 5. Спектри инфрасурхи экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)

Figure 5. Infrared spectrum of the extract of the underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.)

Дар асоси натиҷаҳои спектри массавӣ, спектри ултробунафш ва спектри инфрасурх хулоса баровардан мумкин аст, ки моддаи ҷудокардашуда аз экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.), дорои таркиби C17H22O4 кето  g-лактон аст. Кетогурӯҳҳо бо истифода аз реаксияҳои сифатӣ тавассути реактиви фенилгидразин  муайян карда шуд.

Таҳлили элементӣ нишон дод, ки дар таркиби моддаи ҷудокардашуда аз экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.): С 58,00; 57,92; Н 6,45; 6,28; N 13,70; 13,55; C21H24O6N4. ҳисоб карда шуд.         

Дар спектри РМЯ экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) сигналҳои протоҳо низ ошкор карда шуданд. Аз спектри РМЯ бар меояд, ки  метилени экзосиклӣ дар 2,5-3,5 ҳ.м дар шакли дублет мебошад.

Дар спектри РМЯ экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)- минтақаи ноҳияи Шаҳринав (расми 4), синглети се протонӣ экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ дар 1,00 ҳ.м. аз ҳисоби мавҷуд будани протонҳои гурӯҳи метилӣ, ки дар атомҳои карбони экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ сеюм ҷойгиранд. Илова бар ин дар  экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ  синглети се протонро дар 2,03 ҳ.м.  нишон дод, ки онро ба  протони метили ҳангоми банди дучанда CH3-C=C ё диметилкетонӣ CH3C=O дар экстракт нисбат додан мумкин аст.

Мавҷудияти ин гурӯҳро аз экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)- минтақаи ноҳияи Шаҳринав мо бо роҳи бадаст овардани моддаи дейтеррирони тасдиқ кардем. Ғайр аз ин дар экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ дублетҳо дар худуди 5,97-5,41 ҳ.м. бо мавҷудияти ду протони гурӯҳи метилени экзосиклӣ дар ҳалқаи лактонӣ, мултиплетҳои 4.65 ва 3.06 ҳ.м.  (аз рӯи 1Н) протонҳои лактонӣ ва витсиналӣ муайян карда шуданд.

Синглети се протонӣ 1,00 ҳ.м. ба гурӯҳи метил, ки дар атоми карбон сеюми экстракти қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ пайдо шудааст, мувофиқ аст.

       Расми 6. Спектри РМЯ экстракти қисматҳои зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)

Figure 6. NMR spectrum of the extract of the underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.)

Натиҷаҳои таҳлили усулҳои физикӣ-химиявӣ нишон медиҳад, ки гидроксили молекулаи экстракти газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)-ро дар атомҳои карбони дуюм пайдо кардан мумкин аст. Лактон сохти диметилен-10-метил-эвдезм-7,8-олид дорад.

 

         Қаблан ин гуна лактон аз баргҳои оилаи compositae экстраксия карда шудааст. Собитҳои физикӣ-химиявии лактони мо боҳамонандии онро нишон медиҳад. Аз қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)- минтақаи ноҳияи Шаҳринав қаблан чунин лактон ҷудо нагардидааст. Натиҷаҳои спектри ултробунафш, инфрасурх, спектри массавӣ, резонанси магнитии ядро, резонанси магнитии протон, таҳлили элементӣ, реаксияҳои сифатӣ, хроматографияи маҳинқабат ва хроматогра-фияи баланэффект оид ба муайян кардани сохт, таркиб ва тозагии он дар адабиёт то имрӯз дарҷ нагардидааст.

Нақшаи табадулоти химиявӣ

Дар спектри ИС (расми 7) рахҳои фурубарии зерин: 1757 см-1  1640 см-1, 1653 см-1, 3450 см-1, 3150 см-1 1656 см-1, 1640 см-1,  910 см-1,  ва 797 см-1 мушоҳида гардид. Рахҳои фурубаранда барои гурӯҳҳои гидроксил дар атсетат нопадид шуданд  аз ин рӯ, модда пурра атсилиронӣ карда шуд. Ғайр аз ин ду синглети дорои 3 протон дар ҳудуди 2.07 ва 1.97 ҳ.м. аз он шаҳодат медиҳад, ки ду гурӯҳи метили атсетилӣ он диатсетат аст.

Расми 7. Спектри инфрасурхи лактони газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) баъд аз реаксияи атсетилиронӣ

Figure 7. Infrared spectrum of the lactone of stinging nettle (Urtica Dioica L.) after acetylation reaction

Нақшаи табадулоти химиявӣ-гидрогенизатсия

Натиҷаҳои гидрогенизатсия нишон медиҳанд, ки модда дорои  банди дучанда мебошад.

Хулоса .Шароит, усул ва коркарди методикаи ҷудокунии пайвастаҳои органикӣ аз экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)-и минтақаи ноҳияи Шаҳринав муқаррар карда шуда,  синф ва моддаҳои органикии таркиби онҳо муайян карда шуданд. Таҳқиқи физикӣ-химияви пайвастаҳои ҷудокардашуда аз экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)-и минтақаи ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуд. Бо методҳои   спектри инфрасурх, спектри массавӣ, резонанси магнитии ядро, резонанси магнитии протон, таҳлили элементӣ, реаксияҳои сифатӣ, хроматографияи маҳинқабат ва хроматографияи баланэффект оид ба муайян кардани сохт, таркиб ва тозагии  пайвастаҳои ҷудокардашуда аз экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) -и минтақаи ноҳияи Шаҳринав амалӣ карда шуд. Натиҷаҳои спектри инфрасурх, спектри массавӣ, резонанси магнитии ядро, резонанси магнитии протон, таҳлили элементӣ, реаксияҳои сифатӣ, хроматографияи маҳинқабат ва хроматографияи баланэффект оид ба муайян кардани сохт, таркиб ва тозагии  пайвастаҳои ҷудокардашуда аз экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) -и минтақаи ноҳияи Шаҳринавро ҳамчун маълумотҳои базавӣ барои мутахассисони химияи органикӣ, биохимия ва фарматсевтӣ тавсия дода мешавад.

Муқарриз: Раҳмонов Р.,

доктори илмҳои химия, профессор

АДАБИЁТ

  1. Аналитическая хроматография / К.И. Сакодынский [и др.] – М.: Химия, 1993. – 446 с.
  2. Анненковъ, Н.И. Ботаническій словарь. Справочная книга для ботаниковъ, сельскихъ хозяевъ, садоводовъ, лесоводовъ, фармацевтовъ, врачей, дроги- стовъ, путешественниковъ по Россіи и вообще сельскихъ жителей / Н.И. Анненковъ. — СПб.: Изд-во типографія Императорской АН, 1878. — 335 с.
  3. Астрологова, Л.Е. Медоносное значение Chamaeneron angustifolium (L.) Scop. и Solidago virgaurea в Архангельской области / Л.Е. Астрологова// Раст. ресурсы. – 1978. – № 3. – С. 418 — 420.
  4. Бандюкова, В.А. Фенолокислоты растений, их эфиры  и  гликозиды  /  В.А. Бандюкова // Химия природ. соединений. – 1983. – № 3. – С. 263–273.
  5. Барковский, В.Ф. Дифференциальный спектрофотометрический анализ / В.Ф. Барковский, В.И. Ганопольский. – М.: Химия, 1969. – 168 с.
  6. Батюк, В.С. Флавоноиды Solidago virgaurea и S. canadensis L. и их фармакологические свойства / В.С. Батюк, Е.А. Васильченко, С.Н. Ковалева // Раст. ресурсы. – 1988. – Вып 1. – С. 92-99.
  7. Батюк, В.С. Флавоноиды Solidago сanadensis и S. virgaurea / В.С. Батюк, С.Н. Ковалева // Раст. ресурсы. – 1985. – № 4. – С. 92-99.
  8. Беликов, В.В. Избирательный метод анализа флавоноидов в фитохимиче- ских препаратах / В.В. Беликов, Т.В. Точкова, Н.Т. Колесник // Проблема стандартизации и контроля лекарственных средств: тез. докл. науч. конф. – М., 1991. – С.1516.
  9. Беликов, В.Г. Дифференциальная фотометрия / В.Г. Беликов – Ставрополь, 1970. – 136 с.
  10. Борисова, Н.А. Методические указания по учету запасов и составлению карт распространения лекарственных растений / Н.А. Борисова. – Л., – 42 с.
  11. Бузина, Г.В. Титрометрический метод количественной и качественной ха- рактеристики пектиновых веществ / Г.В. Бузина, О.Ф. Иванова, Л.Б. Со- сновский // Хлебопекарная и кондитерская пром-сть. – 1965. – № 4. – С. 15-18.
  12. Всемирная организация здравоохранения [Электронный ресурс]. – Режим доступа: http://www.who.int/about/ru/. – Загл. с экрана.
  13. Галушко, А.И. Флора Северного Кавказа. Определитель: в 3 т. / А.И. Галушко. – Изд-во Ростов. ун-та, 1978. – Т. – 328 с.
  14. Государственная фармакопея Российской Федерации. – 12–е изд. – М.: На- уч. центр экспертизы средств мед. применения, 2008. – Ч. 1. – 704 с.
  15. Государственная фармакопея СССР. – Вып. 1: Общие методы анализа / МЗ СССР. – 11–е изд. – М.: Медицина, 1987. – 336 с.

REFERENCES

  1. Analytical chromatography / K.I. Sakodinsky [et al.] – M.: Chemistry, 1993. - 446 p.
  2. Annenkov, N.I. Botanical dictionary. Reference book for botanists, farmers, gardeners, foresters, pharmacists, doctors, druggists, travelers in Russia and rural residents in general / N.I. Annenkov. - St. Petersburg: Publishing house of the Imperial Academy of Sciences, 1878. - 335 p.
  3. Astrologova, L.E. Honey value of Chamaeneron angustifolium (L.) Scop. and Solidago virgaurea L. in the Arkhangelsk region / L.E. Astrologova // Plant resources. – 1978. – № 3. – Pp. 418 - 420.
  4. Bandyukova, V.A. Plant phenolic acids, their esters and glycosides / V.A. Bandyukova // Chemistry of natural compounds. – 1983. – № 3. – Pp. 263–273.
  5. Barkovsky, V.F. Differential spectrophotometric analysis / V.F. Barkovsky, V.I. Ganopolsky. – Moscow: Chemistry, 1969. – 168 p.
  6. Batyuk, V.S. Flavonoids of Solidago virgaurea L. and S. canadensis L. and their pharmacological properties / V.S. Batyuk, E.A. Vasilchenko, S.N. Kovaleva // Plant resources. – 1988. – Issue 1. – Pp. 92-99.
  7. Batyuk, V.S. Flavonoids of Solidago сanadensis and S. virgaurea / V.S. Batyuk, S.N. Kovaleva // Plant. resources. – 1985. – No. 4. – Pp. 92-99.
  8. Belikov, V.V. Selective method of analysis of flavonoids in phytochemical preparations / V.V. Belikov, T.V. Tochkova, N.T. Kolesnik // Problems of standardization and control of drugs: abstract of reports of scientific conf. – Moscow, 1991. – P.1516.
  9. Belikov, V.G. Differential photometry / V.G. Belikov – Stavropol, 1970. – 136 p.
  10. Borisova, N.A. Guidelines for accounting of reserves and compilation of distribution maps of medicinal plants / N.A. Borisova. - L., 1961. - 42 p.
  11. Buzina, G.V. Titrimetric method of quantitative and qualitative characterization of pectin substances / G.V. Buzina, O.F. Ivanova, L.B. Sosnovsky // Bakery and confectionery industry. - 1965. - No. 4. – Pp. 15-18.
  12. World Health Organization [Electronic resource]. - Access mode: http://www.who.int/about/ru/. - Title from the screen.
  13. Galushko, A.I. Flora of the North Caucasus. Identifier: in 3 volumes / A.I. Galushko. - Rostov Publishing House. University, 1978. – Vol. 3. – 328 p.
  14. State Pharmacopoeia of the Russian Federation. – 12th ed. – M.: Scientific Center for Expertise of Medical Products, 2008. – Part 1. – 704 p.
  15. State Pharmacopoeia of the USSR. – Issue 1: General Methods of Analysis / USSR Ministry of Health. – 11th ed. – M.: Medicine, 1987. – 336 p.

 

ТАҲҚИҚИ ФИЗИКӢ-ХИМИЯВИИ ПАЙВАСТАҲОИ ҶУДОКАРДАШУДА АЗ ЭКСТРАКТҲОИ ҚИСМАТҲОИ РӮЙИЗАМИНӢ ВА ЗЕРИЗАМИНИИ ГАЗНАИ ДУХОНАГӢ

(Urtica Dioica L.)

Мақсади таҳқиқот  ин экстраксия, ҷудокунии пайвастаҳои органикӣ аз решаи газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.), тоза намудани пайвастаҳои ҷудокардашуда ва таҳқиқи физикӣ-химиявии онҳо мебошад. Экстраксияи қисматҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)- минтақаи ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуд; шароит, усул ва коркарди методикаи ҷудокунии пайвастаҳои органикӣ аз экстрактҳои қисматҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.)-и минтақаи ноҳияи Шаҳринав муқаррар карда шуда,  синф ва моддаҳои органикии таркиби онҳо муайян карда шуданд; бо методҳои   спектри инфрасурх, спектри массавӣ, резонанси магнитии ядро, резонанси магнитии протон, таҳлили элементӣ, реаксияҳои сифатӣ, хроматографияи маҳинқабат ва хроматографияи баланэффект оид ба муайян кардани сохт, таркиб ва тозагии  пайвастаҳои ҷудокардашуда аз экстрактҳои қисматҳои рӯйи заминӣ ва зери заминии газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.) -и минтақаи ноҳияи Шаҳринав амалӣ карда шуд.

Каливожаҳо: фитохимия, экстраксия, ҷудокунӣ, газна, газнаи духонагӣ (Urtica Dioica L.), қисматҳои рӯйи заминӣ, қисматҳои зери заминӣ, метод, физикӣ-химиявӣ, зидди илтиҳобӣ, пешобронӣ

 

ФИЗИКО-ХИМИЧЕСКОЕ ИССЛЕДОВАНИЕ СОЕДИНЕНИЙ, ВЫДЕЛЕННЫХ ИЗ ЭКСТРАКТОВ НАДЗЕМНОЙ И ПОДЗЕМНОЙ ЧАСТЕЙ ОСНОВНОЙ КРАПИВЫ ДВУДОМНОЙ

(Urtica dioica L.)

Целью исследования является извлечение и разделение органических соединений из корня крапивы двудомной (Urtica Dioica L.), очистка выделенных соединений и их физико-химическое изучение. В Шахринавском районе проводилась добыча надземной и подземной частей крапивы двудомной (Urtica Dioica L.); Установлены условия, методы и разработана методика выделения органических соединений из экстрактов надземной и подземной частей крапивы двудомной (Urtica Dioica L.) Шахринавского района, определен класс и органические вещества, входящие в их состав. определенный; с использованием инфракрасной спектроскопии, масс-спектроскопии, ядерного магнитного резонанса, протонного магнитного резонанса, элементного анализа, качественных реакций, многослойной хроматографии и высокоэффективной жидкостной хроматографии для определения структуры, состава и чистоты соединений, выделенных из экстрактов надземной и подземных частей крапивы двудомной (Urtica Dioica L.) Шахринавского района.

Ключевые слова: фитохимия, экстракция, разделение, крапива двудомная, крапива двудомная (Urtica Dioica L.), надземная часть, подземная часть, метод, физико-химический, противовоспалительный, мочегонный.

PHYSICAL-CHEMICAL STUDY OF COMPOUNDS ISOLATED FROM EXTRACTS OF AERIAL AND UNDERGROUND PARTS OF STRETCH

(Urtica Dioica L.)

The purpose of the study is the extraction, separation of organic compounds from the root of stinging nettle (Urtica Dioica L.), purification of the isolated compounds and their physico-chemical study. Extraction of the aboveground and underground parts of stinging nettle (Urtica Dioica L.) - the region of Shahrinav district was carried out; The conditions, methods and development of the methodology for the separation of organic compounds from extracts of the aboveground and underground parts of the stinging nettle (Urtica Dioica L.) from the Shahrinav district were established, and the class and organic substances in their composition were determined; the methods of infrared spectrum, mass spectrum, nuclear magnetic resonance, proton magnetic resonance, elemental analysis, qualitative reactions, thin-layer chromatography and mass spectrometry were used to determine the structure, composition and purity of the compounds isolated from extracts of the aboveground and underground parts of the stinging nettle (Urtica Dioica L.) from the Shahrinav district.

Keywords: phytochemistry, extraction, separation, stinging nettle, stinging nettle (Urtica Dioica L.), above-ground parts, underground parts, method, physicochemical, anti-inflammatory, diuretic.

 

Маълумот дар бораи муаллифон: Раҷабзода Сироҷиддин Икром - Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, директор. Суроға: 734025, Душанбе, Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ, 17. E-mail:This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.. Тел.:(+992) 904-60-04-60.

Иззатуллозода Алихон Саидқул - Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, унвонҷӯ. Суроға: 734025, Душанбе, Тоҷикистон, шаҳри хиёбони Рӯдакӣ, 17. Тел.: (+992) 939410101.

Сведения об авторах: Раджабзода Сироджиддин Икром – Научно-исследовательский институт Таджикского национального университета, доктор химических наук, профессор, директор. Адрес: 734025, Душанбе, Таджикистан, проспект Рудаки, 17. E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.. Тел.: (+992) 904-60-04-60.

Иззатуллозода Алихон Саидқул - Научно-исследовательский институт Таджикского национального университета, соисмкатель. Адрес: 734025, Душанбе, Таджикистан, проспет Рудаки, 17.  Тел.: (+992) 939410101.

Information about the authors: Rajabzoda Sirojiddin Ikrom - Research Institute of the Tajik National University, Doctor of Chemical Sciences, Professor, Director. Address: 734025, Dushanbe, Tajikistan, Rudaki avenue,17. E-mail:This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it..  Phone:(+992) 904-60-04-60.

Izzatullozoda Alihon Saidqul - Research Institute of the Tajik National University, assistant. Address: 734025, Dushanbe, Tajikistan, Rudaki avenue, 17.  Phone:(+992) 939410101.

 

Мақола ба редаксия ворид шуд: 10.10.2024

Аз тақриз баргашт: 27.11.2024

Ба чоп тавсия шуд: 21.12.2024